Ҳамлавари "Рома" Элдор Шомуродов метавонад дастаи кишвари Италияро тарк намояд. Бино ба навиштаи Sky Sport “римиҳо” дигар ба бозигари ӯзбек умед надоранд ва мехоҳанд ӯро бифурӯшанд.
Ба иттилои манбаъ, «Рома» аз фурӯши Шомуродов 7-8 миллион евро ба даст меорад. Шартномаи форварди 29-сола бо тими римӣ то моҳи июни соли 2026 амал мекунад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Шомуродов аз як бошгоҳи МЛС, ки номаш зикр нашудааст, пешниҳод гирифтааст ва шояд фаъолияти худро дар ИМА идома диҳад.
Мавсими гузашта Шомуродов дар тамоми мусобиқаҳо 37 маротиба ба майдон омада, муаллифи 7 гол ва 5 партофти головар шудааст. Сомонаи Transfermarkt арзиши ин ҳамлагарро 4 миллион евро арзёбӣ кардааст.