Агенти машҳури футболӣ Жорже Мендеш, ки манфиатҳои ҳимоятгари 29-солаи “Интер” Дензел Дамфрисро ҳимоя мекунад, ба муштарии худ имкони кӯчидан ба “Барселона”-ро пешниҳод кард, ки он даста ҳам варианти харидории футболбози ҳолландиро баррасӣ мекунад. Дар ин бора Sport.es хабар медиҳад.
Ба гуфтаи ин манбаъ Думфрис метавонад то 15 июл ба маблағи 25 миллион евро дастаи "нерадзурри"-ро тарк кунад. Таъкид мешавад, ки худи футболбоз омода аст, гранди итолиёвиро барои гузаштан ба бошгоҳи Каталония тарк намояд.
Мавсими гузашта Думфрис дар 47 бозии ҳамаи мусобиқаҳо ширкат карда, 11 гол ва 6 партофти головар дар номаш дорад. Шартномаи кории футболбоз бо бошгоҳ то тобистони соли 2028 баста шудааст. Тибқи маълумоте, ки дар сомонаи Transfermarkt пешниҳод шудааст, арзиши бозории ин футболбоз 35 миллион евроро ташкил медиҳад.