LIVE

Ҳамлавари "Реал" метавонад ба "Ювентус" ё "Милан" гузариш анҷом диҳад

Бошгоҳҳои итолиёвии "Ювентус" ва "Милан" нисбати ҳамлавари 18-солаи "Реал" Хендрик таввваҷҷӯҳ кардаанд. Дар ин бора Mundo Deportivo хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, агар футболбози бразилӣ фурӯхта шавад, “Лос-Бланкос” метавонад мисли интиқоли нимҳимоятгар Николас Пас ба “Комо” дар тобистони соли 2024 варианти харидории дубораи бозигарро пешниҳод кунад.
Мавсими гузашта Хендрик дар ҳама мусобиқаҳо дар 37 бозӣ ширкат карда, муаллифи 7 гол ва як ассист шудааст. Шартномаи кории футболбоз бо бошгоҳи мадридӣ то тобистони соли 2030 амал мекунад. Тибқи маълумоте, ки дар сомонаи Transfermarkt пешниҳод шудааст, арзиши бозории ин футболбози  ҷавони бразилӣ 40 миллион евроро ташкил медиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив