LIVE

«Манчестер Юнайтед» ва «Ливерпул» дар талоши харидории Лукман

Бошгоҳҳои «Манчестер Юнайтед» ва «Ливерпул» нисбати ҳамлавари 27-солаи «Аталанта» Адемола Лукман тавваҷҷӯҳ кардаанд. Дар ин бора TuttoJuve хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ дастаи итолиёвӣ метавонад футболбози нигериявии хешро бар ивази 60 миллион евро фурӯшад. Нисбати Лукман ҳамчунин "Ювентус" ҳам мароқ зоҳир кардааст.
Лукман ин мавсим 36 бозӣ дар тамоми мусобиқаҳо анҷом дода, ба задани 18 гол ва ирсоли 7 ассист даст ёфтааст. Шартномаи кории футболбоз бо бошгоҳ то тобистони соли 2027 баста шудааст. Тибқи иттилои сомонаи Transfermarkt арзиши бозории ин нигериявии 27-сола 60 миллион евроро ташкил медиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив