LIVE

Дёкерешро баҳри харидорӣ ба “Реал Мадрид” пешниҳод кардаанд

Агентҳои ҳамлагари “Спортинг” Виктор Дёкереш ҳамлагари 26-соларо ба “Реал Мадрид” пешниҳод кардаанд. Дар ин бора хабаргузории Defensa Central хабар додааст.
Ба гуфтаи манбаъ "қаймоқиҳо" сифатҳои бозии ин футболбози шведиро қадрдонӣ мекунад, аммо омода нестанд, ки барои интиқоли ӯ тақрибан 100 миллион евро пардохт кунад. Ин ҳам бо назардошти он, ки дар зати ҳамлаи ин тим ситораҳое мисли Килиан Мбаппе ва Винисиус Ҷуниор бозӣ мекунанд.
Дёкереш мавсим ҷорӣ  47 бозӣ гузаронида, 48 гол  ва 12 партофти голӣ дар омор дорад. Шартномаи кории футболбоз бо тимаш то тобистони соли 2028 баста шудааст. Тибқи маълумоте, ки дар сомонаи Transfermarkt пешниҳод шудааст, арзиши бозории Дёкереш 75 миллион евроро ташкил медиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив