LIVE

Виктор Дёкереш дастоварди Иброҳимовичро дар Лигаи Чемпионҳо такрор кард

Ҳамлагари «Спортинг» Виктор Дёокереш дар бозии даври 4-уми марҳилаи умумии Лигаи Чемпионҳо зидди «Манчестер Сити» (4:1) ба задани  се гол даст ёфт ва ба шарофати он дастоварди миллии Златан Иброҳимовичро дар мусобиқаи асосии Аврупо такрор кард. Дар ин бора Opta Sport хабар медиҳад.
Лигаи чемпионҳо. Марҳилаи умумӣ. Даври 4-ум
06-уми ноябри соли 2024, чоршанбе. 01:00 бо вақти Душанбе
“Спортинг”  (Лиссабон, Португалия) 4:1 “Манчестер Сити”
(Манчестер, Англия)
0:1 Фоден – 4'     1:1 Дёкереш – 38’     2:1 Араухо Вилчес – 46’     3:1 Дёкереш – 49’      4:1
Ба иттилои манбаъ, ҳамлагари 26-сола пас аз Иброҳимович дар таърихи Лигаи Чемпионҳо дуюмин шведие шуд, ки дар як бозии мусобиқа се гол задааст. Ёдовар мешавем, ки  ҳамлагари маъруфи шведӣ соли 2013 ҳангоми бозӣ дар ҳайати “ПСЖ” дар бозӣ бо Андерлехт (5:0) чаҳор гол   ба самар расонида буд.
Мавсими ҷорӣ Дёкереш   17 бозӣ доир намуда,   23 гол ва 4 партофти голӣ дар номаш дорад. Мӯҳлати шартномаи ӯ бо дастааш то соли 2028 амал мекунад. Сомонаи Transfermarkt арзиши ин футболбозро 70 миллион еврон арзёбӣ кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив