«Манчестер Сити» қарор кардааст, ки ивазкуннадаи эҳтимолии ҳамлавари асосии хеш Эрлинг Ҳоландро пайдо намояд.
Тибқи иттилои Football 365 "шаҳриён" кӯшиш мекунанд, ки ҳамлавари "Спортинг"-и Лиссабон Виктор Гёкерешро дар тсурати рафтани бозигари норвегӣ шомили тим кунанд.
Дар маҷмӯъ, ин мавсим Гёкереши 26-сола дар 11 бозӣ ширкат карда, 12 гол ва 3 партофти головар дар номаш дорад. Қарордоди кории ӯ бо "Спортинг" бошад то соли 2028 амал мекунад. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории футболбоз 70 миллион евро аст.