Бошгоҳи саудии "Ал-Наср" эҳтимолан нимҳимоягари ҳуҷумкори "Манчестер Сити" Кевин Де Брюйнеро бо талаби Криштиану Роналду шомили даста мекунад. Дар ин бора TEAMtalk хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ бошгоҳ розӣ аст, ки ба бозигари белгиягӣ ба маблағи 1 миллион фунт (1,19 миллион евро) дар як ҳафта шартнома пешниҳод кунад. Қаблан Роналду аз бошгоҳаш даъват карда буд, ки бо чунин шартҳо бо футболбози "Сити" қарордоди корӣ ба имзо расонад. Тибқи гузоришҳо тими Арабистони Саудӣ мутмаин аст, ки бо вуҷуди таваҷҷӯҳ ба ин бозигар аз клубҳои MLS, онҳо метавонанд ба созиш бирасанд.
Қайд карда мешавад, ки футболбоз қаблан омода набуд, ки Аврупоро тарк карда, ба Ховари Миёна гузариш анҷом диҳад, аммо айни замон дар бораи тасмими Де Брюйне дар ин масъала итминон вуҷуд надорад.
Мавсими ҷорӣ Де Брюйне дар шаш бозӣ ширкат карда, як гол ва як ассист анҷом додааст. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории ин футболбоз 45 миллион евро аст.