Ҳамлагари “Манчестер Юнайтед” - Маркус Рашфорд дар бозии ¼ ниҳоӣ Лигаи Аврупо ба дарвозаи “Гранада” гол зада, дастоварди футболбозӣ собиқи “Манчестер Юнайтед” Бобби Чарлтонро такрор кард. Ин 8-умин голи Рашфорд дар мавсими ҷорӣ дар мусобиқоти аврупоӣ маҳсуб мешавад. Рашфорди 23-сола дар мавсими ҷорӣ дар Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА 6 гол ва дар Лигаи Аврупо ду гол ба самар расонид. Дар маҷмӯъ, дар мавсими солҳои 2020/2021 форварди мазкур дар 47 бозӣ 20 гол задааст.