LIVE

Роналду аз ин баъд бо худ рақобат мекунад

Ҳамлагари "Ювентус" - Криштиану Роналду голи 760-уми худро дар финали Суперҷоми Италия ба дарвозаи дастаи “Наполи” зад. Ҳамлагари португалӣ рекорди ҳамлагари Чехословакия Йозеф Биканро шикаст. Дар дақиқаи 64-уми бозӣ Роналду ҳисобро боз кард. Криштиану дар ҳайати "Спортинг Лиссабон", "Манчестер Юнайтед", "Реал Мадрид",  "Ювентус" ва инчунин бо пироҳанҳои тими миллии Португалия дар маҷмуъ 1036 бозӣ анҷом додааст. Рекорди мутлақ аз рӯи шумораи голҳо ба ҳамлагари Чехословакия Йозеф Бикан тааллуқ дошт, ки ӯ солҳои 1931-1955 759 гол зада буд. Қаблан Роналду дастоварди ҳамлагари афсонавии Бразилия Пелеро ки дар 812 бозии расмӣ 757 гол зада буд, такрор кард. Ҳамакнун Криштиану Роналду дар ҷаҳон аз ҳама бештар дар бозиҳои расмӣ гол ба самар расонидааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив