«Барселона» книсбати ҳамлавари «Спортинг»-и Лиссабон Виктор Дёкереш таваҷҷӯҳ зоҳир кардааст.
Ба иттилои Sport.es роҳбарияти «блаугранас» омода аст, ки барои гузариши форварди мазкур тобистони оянда 70 миллион евро пардохт кунад ва сипас то ба охир расидани шартномаи Левандовски ӯро ба «Спортинг» ба иҷора фиристад. Ҳамин тариқ, пас аз бозгашт ба “Барселона” Дёкереш набояд бо ҳамлавари полшагӣ рақобат эҷод кунад.
Мавсими ҷорӣ Дёкереш 19 бозӣ дар тамоми мусобиқаҳо гузаронида, 24 гол ва 4 партофти головар дорад. Мӯҳлати шартномаи бозигари шведӣ бо тимаш то соли 2028 амал мекунад. Сомонаи Transfermarkt Дёкерешро 70 миллион евро арзёбӣ кардааст.
