LIVE

Рақобати абардастаҳои англисӣ аз барои бозигари шведии "Спортинг"

Аз рӯи оморҳои ахир дар чемпионати Англия Виктор Дйокереши шведӣ метавонад дурахши хосса нишон диҳад.
Виктор Эйнар Дйокереши шведӣ 25 сол дошта, ҳамлавари марказии бошгоҳи “Спортинг” ва мунтахаби  Шветсия аст. Айни ҳол ӯ беҳтарин нишонзани чемпионати  Португалия буда, дар 26 бозӣ соҳиби омори 22+10 аст. Аз ин рӯ овозаҳо бештар ӯро ба тимҳои англисӣ тақдирбанд мекунанд. “Спортинг” тарҳи   3-4-3-ро истифода намуда, нафари шведӣ онҷо гнақши ҳамлавари марказиро мебозад. Вобаста ба оморҳои ва корҳои натиҷабахш метавон гуфт, ки ин шведӣ метавонад дар Англия “Ливерпул” ё ба таври мисол “Арсенал”-ро пурқувват кунад. Баҳри мутобиқшавӣ ба футбол дар   Англия боз он омиле кумак мекунад, ки ин бозигар чанд мавсим дар Чемпионшип гузаронида буд.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив