Ҳамлагари мунтахаби Шветсия ва тими “Милан” Златан Иброҳимович куҳансолтарин бозигар дар таърихи бозиҳои интихобии қаҳрамонии Аврупо шуд.
Ҳамлагари шведӣ дар 41 солу 172 рӯз дар дақиқаи 73-юми бозии даври интихобии Евро-2024 бо Белгия (0:3) ба майдон баромад.
Пеш аз Златан куҳансолтарин футболбоз дар таърихи бозиҳои интихобии Аврупо дарвозабони Италия Дино Зофф буд, ки соли 1983 дар 41 солу 3 моҳа дар бозӣ бо Шветсия бозӣ кардааст.
Златан дар ҳайати Шветсия 122 бозӣ ва 62 гол дорад.
Чемпионати Аврупо 2024 дар Олмон баргузор мешавад. Дар он 24 команда иштирок мекунад. Ғолиби феълии мусобиқот мунтахаби Италия мебошад, ки дар финали мусобиқа бар тими Англия пирӯз шуда буд.