LIVE

Иброҳимович дубора ба Шветсия бармегардад

Ҳамлагари “Милан” - Златан Иброҳимович ба тими миллии Шветсия даъват шуд. Ҳамлагари 39-сола ба ҳайати пешакии тими миллӣ барои бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон - 2022 ва бозии дӯстона бо Эстония шомил карда шуд. Sky Sport Italia хабар медиҳад. Тибқи иттилои манбаъ, “Милан” ҳанӯз даъвати футболбозро ба дастаи мунтахаб тасдиқ накардааст. Златан рӯзи 28-ум феврал дар бозии Серия А муқобили “Рома” (2:1) ҷароҳат гирифта буд ва феълан дар ҳолати барқароршавӣ карор дорад. Моҳи ноябр расонаҳо навишта буданд, ки сармураббии тими миллии Шветсия Ян Андерссон масъалаи бозгашти Ибраҳимовичро баррасӣ мекунад ва моҳи январ, бино ба маълумоти ғайрирасмӣ, онҳо гуфтугӯи шахсӣ доштанд. Ибрагимович аз соли 2001 то 2016 дар тими миллии Шветсия бозӣ кардааст. Дар 116 бозӣ вай 62 гол задааст ва нишонзани беҳтарини даста мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив