LIVE

Унвони навбатии Иброҳимович

Ассотсиатсияи футболи Шветсия беҳтарин бозигарро дар соли 2020 эълон кард. Дар ин номинатсия ҳамлагари бошгоҳи “Милан” - Златан Иброҳимович ғолиб шуд. Новобаста аз он, ки ҳамлагари 39 сола давоми чанд соли охир аст, ки ба тими миллии кишвараш даъват намешавад. 
Қайд карда мешавад, ки футболбоз ҷоизаи мазкурро маротибаи 12-ум аст, ки ба даст меорад. Хотиррасон мекунем, ки Иброҳимович моҳи январи соли равон ба “Милан” гузариш кард. Дар мавсими ҷорӣ ӯ дар бошгоҳи итолиёвӣ дар ҳамаи мусобиқаҳо 10 бозӣ гузаронида, 11 гол зада, 2 партофти головар анҷом додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив