Нимҳимоягари 33-солаи "Манчестер Сити" Кевин Де Брюйне метавонад чемпионати Англияро тарк намояд, дар ин бора El Gol Digital хабар медиҳад.
Абарситораи белгиявӣ шартномаи хешро бо бошгоҳ тамдид накардааст ва мехоҳад дастаашро иваз кунад. Ба гуфтаи ин манбаъ нисбати Де Брюйне ба бошгоҳҳои саудӣ таваҷҷӯҳи зиёд доранд, аммо худи бозигар мехоҳад дар Аврупо бимонад. "Барселона" омода аст аз ин фурсат истифода барад ва ба ӯ тобистони соли 2025 шартномаи корӣ пешниҳод намояд. Худи Де Брюйне низ ба кор зери роҳбарии Ҳанс-Дитер Флик таваҷҷӯҳ дорад.
Де Брюйне мавсими ҷорӣ дар 11 бозӣ ба майдон омада, муаллифи 1 гол ва 1 партофти голӣ мебошад. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории ин футболбоз 45 миллион евро аст.