LIVE

«ПСЖ» аз «Сити» бозигар мехарад

«ПСЖ» метавонад ин тобистон Бернарду Силваро ба даст орад.  
Аз рӯи маълумоти Marca «ПСЖ» дар талоши харидории чанд ситораи футболи аврупоӣ буда, ин ҳам ба хотир он аст, ки дар пасманзари ҳолатҳо атрофи Килиан Мбаппе мухлисони худро ором намояд. Мбаппе бошад агар шартномаашро бо «ПСЖ» тамдид накунад, метавонад тобистони оянда бепул дастаашро тарк намояд.  
Қайд карда мешавад, ки идома додани маснади варзишӣ барои Бернарду Силва дар «Манчестер Сити» ҳам зери нақша нест. Дар радифи «ПСЖ» нисбати нимҳимоягари 28-сола ҳамчунин «Барселона» таваҷҷӯҳ дорад, вале бошгоҳи каталонӣ наметавонад 80 миллион евроро пардохт намояд  – ин ҳам арзиши гузариши бозигари португалӣ мебошад.
Пештар хабар дода мешуд, ки дар имзокунии шартнома бо Бернарду худи сармураббии нави «ПСЖ» Луис Энрике иштиёқманд аст. Ҳамчунин бозигари португалӣ муносибатҳои хубе бо  Луиш Кампуш дорад.
Ҳамчунин Силва пешниҳод аз ҷониби «Ал-Ҳилол» дар даст дорад ва дар ин тими арабӣ мехоҳанд барояш маоши ҳафтаинаи 500 ҳазор фунт муқаррар намоянд, вале нимҳимоягари португадӣ мехоҳад дар Аврупо идомаи маснади варзишӣ намояд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив