LIVE

Трансфери махсуси «Ал-Ҳилол» барои плей-офф Ҷоми бошгоҳии ҷаҳон

Бошгоҳи саудии «Ал-Ҳилол» ҳамлавари тими «Аш-Шабоб» Абдурразоқ Ҳамдалоҳро ба иҷора гирифт. Бозигар аллакай бо даста дар Орландо тамрин мекунад. Дар ин бора саҳифаи расмии бошгоҳи Арабистони Саудӣ дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter) хабар додааст.
Созиш нисбати гузариши бозигар дар муддати кӯтоҳ анҷом ёфт, зеро якбора се ҳамлагари “Ал-Ҳилол”: Александр Митрович, Маркос Леонардо ва Салем Ал-Давсарӣ ҷароҳат бардоштаанд. Дастаи шаҳри Риёз дар даври чорякфиналии Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо бо тими “Флуминенсе” рӯзи 4 июл бозӣ хоҳад кард.
Мавсими гузашта Ҳамдалоҳ дар чемпионати Арабистони Саудӣ 26 бозӣ карда, ба задани 21 гол ва ирсоли 2 партофти головар муваффақ шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив