Президенти бошгоҳи “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ Фаҳд бин Нафел барои пешбурди музокирот оиди гузариши Лионел Месси аз “Интер Майами” ба бошгоҳи саудӣ дар равзанаи тобистонаи трансферӣ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар кард. Дар ин бора саҳифаи радиои аргентинии Boing 97.3 дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter) хабар додааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ рӯзҳои ахир бин Нафел бо Хорхе Месси, падар ва намояндаи футболбоз баҳри расидан ба созиш мулоқоти калидӣ анҷом дода, ин имкон медиҳад, ки трансфери пурсарусадои аргентинии дастон анҷом шавад.
Бояд гуфт, ки Ҷоми ҷаҳонии клубҳо низ дар ИМА ҷараён дорад, ки дар он ҳам дастаҳои «Интер Майами» ва ҳам дастаҳои «Ал-Ҳилол» ширкат доранд.
Мессии 38-сола бо "Интер" шартномаи ҷорӣ дорад, ки он то 31 декабри соли 2025 амал мекунад. Пеш аз пайвастан ба бошгоҳи амрикоӣ ситораи аргентинӣ дар дастаҳои «Барселона» ва “ПСЖ” бозӣ мекард. Лионел дастпарвари академияи бошгоҳи аргентинии «Нюэллс Олд Бойз» мебошад.