Ҳамлавари аргентинии «Интер Майами» Лионел Месси баъди анҷоми мавсими МЛС ба ягон бошгоҳ ба иҷора намеравад. Дар ин бора журналист Гилем Балаге дар шабакаҳои иҷтимоии хеш хабар медиҳад.
«Месси ба мисоли бозигарони дигар рухсатии қариб якмоҳа дорад. Аз ин рӯ дар бораи Арабистони Саудӣ ва чизҳои дигар фаромӯш кунед. Бозии ахири мавсимии «Интер Майами» рӯзи 21-уми октябр доир мешавад. Моҳи ноябр бозиҳои мунтахаби Аргентина дар доираи марҳилаи интихобии ҶҶ‑2026 оғоз мешаванд ва ба таври хосса бояд, ки оиди рақобат муқобили мунтахаби Бразилия қайд намуд. Тахминан баъди як моҳи рухсатӣ (набояд бозиҳои рафиқонаи ин давронро ҳам истисно намуд) фурсатҳои омодагиҳои пеш аз мавсимӣ ҳам фаро мерасанд», — навиштааст Балаге дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Пештар хабар дода мешуд, ки Месси метавонад ба чемпионати Арабистони Саудӣ гузариш анҷом диҳад.
