LIVE

Расман: Манчини сармураббии Арабистони Саудӣ шуд

Мутахассиси итолиёвӣ Роберто Манчини сармураббии мунтахаби Арабистони Саудӣ интихоб гардид. Дар ин бора дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод. «Ман дар Аврупо таърих навиштам. Вақти он расидааст, ки бо Арабистони Саудӣ таърих бисозем" –гуфт Манчини дар намогузориш.
Хабар дода шуд, ки тарафҳо шартнома бастанд, ки то соли 2026 эътибор дорад. Ёдовар мешавем, ки рӯзи 13-уми август Манчинии 58-сола тими миллии Италияро тарк кард. Қаблан хабар дода шуда буд, ки мутахассис бо далели ихтилофи назар бо президенти Федератсияи футболи кишвар Габриэл Гравина тими миллиро тарк кардааст. Дар соли 2020, Манчини Италияро ба пирӯзӣ дар Евро-2020 бурд, аммо тими миллӣ таҳти роҳбарии ӯ натавонист ба Ҷоми ҷаҳонии 2022 роҳ ёбад.
Қайд бояд кард, ки мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон 2026 бо тими миллии Арабистони Саудӣ андари майдони рақобат мегардад, ки ҳамакнун Манчини онҳоро роҳнамоӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив