Чаҳор дастаи Арабистони Саудӣ нисбати ҳамлагари аргентинии «Интер Майами» Лионел Месси таваҷҷӯҳ доранд, хабар медиҳад TEAMtalk.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Фонди ҷамъиятии сармоягузории Арабистони Саудӣ музокиротро бо Месси дар мавриди интиқоли эҳтимолӣ дубора сар кард.
Агар бозигари аргентинӣ ишитёқи гузариш ба яке аз чор тимҳои саудӣ аз зумраи «Ал-Аҳли», «Ал-Ҳилол», «Ал-Иттиҳод» ё ки «Ан-Наср» бошад, пас гуфтушунидҳо дигарбора оғоз мешаванд. Ин мавзӯъи марҳилаи навбатии музокирот хоҳад буд, аммо то ҳол кор ба он нарасидааст. Бояд гуфт, ки ҳамлагари португалӣ Криштиану Роналду дар ҳайати «Ал-Наср» бозӣ мекунад.
Шартномаи Месси бо “Интер Майами” бошад то декабри соли 2025 мӯҳлат дорад. Месси аз соли 2023 дар сафи “Интер Майами” бозӣ мекунад.