Ҳамлагари «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ ва мунтахаби Португалия Криштиану Роналду дар бораи рақобаташ бо ҳамлагари аргентинии «Интер Майами» Лионел Месси гуфт.
«Мо 15 сол дар саҳнаи футбол шарик будем ва ҳамеша муносибати хуб доштем. Дар ёд дорам, боре ҳатто чизеро ба ӯ ба забони англисӣ тарҷума кардам, ин хандаовар буд. Ӯ ҳамеша бо ман муносибати хуб дошт, шарафи бошгоҳ ва тими мунтахабашро ба таври олӣ ҳимоя мекард. Мо ҳамдигарро рӯҳбаланд мекардем, солҳо буданд, ки мо ин муборизаи одилонаро мисли Сенна ва Прост доштем», - иқтибос меорад Marca аз суханони Роналду.
Ёдовар мешавем, ки Месси ҳашт ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ”-ро ба даст овардааст. Роналду бошад дар тӯли фаъолияти худ панҷ маротиба ин ҷоизаи бонуфузро соҳиб шудааст.