LIVE

"Ал-Ҳилол" барои Дибала моҳона 10 миллион евро ваъда кардааст

Бошгоҳи саудии «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ ба ҳамлагари тими миллии «Рома»-и Италия ва мунтахаби Аргентина Пауло Дибала барои ширкат дар Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳои соли 2025 дар ИМА 10 миллион евро пешниҳод кард. Дар ин бора рӯзноманигор Сезар Луис Мерло дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter) хабар дод.
Ба гуфтаи манбаъ бозигари аргентинӣ метавонист ин маблағро барои як моҳ дар ҳайати “Ал-Ҳилол”, ки дар гурӯҳи “Н” бо “Реал Мадрид”, “Ред Булл”-и Австрия ва “Пачука”-и мексикоӣ бозӣ хоҳад кард, дарёфт кунад.
Пауло Дибала аз тобистони соли 2022 дар ҳайати «Рома» бозӣ мекунад. Мавсими гузашта ӯ дар 24 бозии Серияи А-и Италия 6 гол ва 3 ассист дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив