Бозии ҷавобии даври ниманиҳоии Лигаи Аврупо байни дастаҳои «Манчестер Юнайтед» ва «Атлетик Билбао» дар варзишгоҳи Олд Траффорди шаҳри Манчестери Англия бо ҳисоби 4:1 ба фоидаи соҳибони майдон анҷом ёфт. Дар ду бозӣ “девони сурх” бо ҳисоби 7 бар 1 пирӯз шуданд ва ба финали мусобиқа роҳ ёфтанд.
Лигаи Аврупо. 1/2 финал. Бозии 2-юм
09 майи соли 2025, панҷшанбе. 00:00 ДШБ
“Манчестер Юнайтед” (Манчестер, Англия) 4:1 “Атлетик Б” (Билбао, Испания)
0:1 Хаурехисар – 31' 1:1 Маунт – 72' 2:1 Каземиро – 80' 3:1 Хойлунд – 85' 4:1 Маунт – 90+1'
Дар дақиқаи 31-ум нимҳимоятгари “Атлетик Билбао” Микел Хаурехисар ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 72-юм бошад нимҳимоятгари “Манчестер Юнайтед” Мейсон Маунт натиҷаро баробар намуд. Дар идома нимҳимоятгар Каземиро дар дақиқаи 80-ум мизбононро ба пеш баровард. Ҳамлавари мизбонон Расмус Ҳойлунд дар дақиқаи 85-ум ҳисобро се бар сифр намуд. Маунт дар дақиқаи 90+1 аз дуюмин голи хеш дар бозӣ истиқбол гирифта, пирӯзии дастаашро бо натиҷаи чор бар як таъмин намуд.
Бозии аввал миёни ин дастаҳо як ҳафта пеш, 1-уми май дар Испания баргузор шуда буд. «Манчестер Юнайтед» б о ҳисоби 3:0 ба шарофати голҳои Каземиро ва Бруну Фернандеш дар он рақобат пирӯз шуд.