LIVE

Се голи беҷавоби «Манчестер Юнайтед» ба дарвозаи «Лестер»

Бозии даври 29-уми Премйер-Лигаи Англия, ки дар он дастаҳои «Лестер Сити» ва «Манчестер Юнайтед» вохӯрданд,   дар варзишгоҳи «Кинг Пауэр»-и Лестер  бо ҳисоби 3:0 ба нафъи меҳмонон ҷамъбаст гардид.
Англия - Премер-лига. Даври 29-ум
17 марти соли 2025, душанбе. 00:00 бо вақти Душанбе
“Лестер Сити” (Лестер) 0 : 3 “Манчестер Юнайтед” (Манчестер)
0:1 Хойлунд – 28'     0:2 Гарначо – 67'     0:3 Фернандеш – 90'
Дар дақиқаи 28-ум ҳамлагар Расмус Ҳойлунд «Манчестер Юнайтед»-ро ба пеш баровард. Дар дақиқаи 67-ум бозигари аргентинӣ Алехандро Гарначо ҳисобро ба фоида “девони сурх”-ро ду бар сифр намуд. Дар ҳарду голҳо муаллифи ирсоли голӣ Бруно Фернандеш гардид. Дар дақиқаи 90-ум бошад худи бозигари португалӣ низ муаллифи гол шуд.
Баъди ин ғалаба «Манчестер Юнайтед» 37 имтиёз ба даст оварда, шогирдони Рубен Аморим дар ҷои 13-уми ҷадвали Премер-лигаи Англия қарор доранд.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив