Сармураббии дастаи «Манчестер Юнайтед» Рубен Аморим дар бораи он ки дар бозии даври 16-уми Лигаи Премйер-Лига бо «Манчестер Сити» (2:1) аз ҳайати асосӣ Маркус Рэшфорд ва Алехандро Гарначо берун мондаанд, изҳори назар кард.
Англия - Премер-лига. Даври 16-ум
15 декабри соли 2024, якшанбе. Соати 21-30 бо вақти Душанбе
“Манчестер Сити” (Манчестер) 1:2 “Манчестер Юнайтед” (Манчестер)
1:0 Гвардиол – 36' 1:1 Фернандеш – 88’ 1:2 Диалло – 90’
«Ҳафтаи нав, ҳаёти нав, агар онҳо хуб тамрин кунанд, барои ҷой дар ҳайати асосӣ мубориза мебаранд.
Ба мо Рэшфорд ва Гарначо лозиманд. Ин ҷазои интизомӣ набуд. Мо бояд стандартҳои худро дар майдон ва берун аз он беҳтар созем" иқтибос овардааст инсайдер Фабрисио Романо аз суханони Аморим дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
«Манчестер Сити» аз 16 бозӣ 27 имтиёз дорад ва дар ҷадвали Премер Лига дар ҷои панҷум аст. «Манчестер Юнайтед» бо 22 имтиёз дар зинаи 12-ум мебошад.
Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки «Манчестер Юнайтед» Рэшфордро барои бозор баровардааст ва мехоҳад ӯро дар зимистон бифурӯшад.