Сармураббии «Манчестер Юнайтед» Рубен Аморим оиди бозии дарпешистодаи даври 13-уми Премер-Лигаи Англия, ки дар он «сурхҳо» бо «Эвертон» вомехӯранд, изҳори андеша кард. Бозӣ фардо, рӯзи 1-уми декабр дар варзишгоҳи «Олд Траффорд»-и шаҳри Манчестер баргузор мешавад.
Англия - Премер-лига. Даври 13-ум
01-уми декабри соли 2024, якшанбе. Соати 18-30 бо вақти Душанбе
“Манчестер Юнайтед” (Манчестер) – “Эвертон” (Ливерпул)
"Умедворам, ки ғалаба мекунем. Вохӯрӣ дигар хоҳад буд: муборизаҳои зиёд, пасҳои тӯлонӣвабархӯрдҳо. Ӯ (ба сармураббии "Эвертон" Шон Дайч муроҷиат мекунад) мураббии моҳир аст, ки вазъи феълӣ дар Премер-Лига ва вазъияти рақибонро ба хубӣ дарк мекунад.
Мо дар тӯбдорӣ фаъол бошем, зеро барои барқароршавӣ вақти кам дорем ва ҳайатро тағйир дишем. Умедворам, ки дар бозии дастаам ғалаба тағйиротҳо ва беҳбудиҳое, ки мо дар муқоиса бо бозии 1-1 бо “Ипсвич” ба даст овардаем, бубинам. Умедворам, ки чизи куллан дигареро бубинам”, - иқтибос меорад Би-би-сӣ аз суханони Аморим.