LIVE

Се голи Фернандеш «МЮ»-ро ба даври чорякниҳоии Лигаи Аврупо баровард

Бозии ҷавобии даври 1/8 ниҳоии Лигаи Аврупо, ки дар он дастаҳои «Манчестер Юнайтед» ва «Реал Сосйедад» вохӯрданд, дар варзишгоҳи «Олд Траффорд»-и Манчестер   бо ҳисоби 4:1 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт. Баъди натиҷагирии ду вохӯрӣ «Манчестер Юнайтед» ҳарифашро бо ҳисоби 5:2 шикаст дод ва ба даври чорякниҳоии мусобиқот роҳ ёфт.
Лигаи Аврупо. 1/8 финал. Бозии 2-юм
14 марти соли 2025, ҷумъа. 01:00 бо вақти Душанбе
“Манчестер Юнайтед” (Манчестер, Англия) 4:1 “Реал Сосйедад” (Сан Себастян, Испания)
0:1 Оярсабал – 10’     1:1 Фернандеш – 16’     2:1 Фернандеш – 50’ 3:1 Фернандеш – 87’     4:1 Далот – 90+1
Корти сурх: Арамбуру – 63'
Дар дақиқаи 10-ум ҳамлагари «Реал Сосйедад» Микел Оярсабал аз зарбаи пеналтӣ ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 16-ум бошад нимҳимоятгари дастаи “Манчестер Юнайтед” Бруно Фернандеш низ аз ҷаримаи 11-метра мувозинатро барқарор кард.
Дар дақиқаи 50-ум Фернандеш “девони сурх”-ро пеш баровард ва боз ба дарвозаи ҳариф гол зад. Дар нимаи дуюми рақобат ҳамчунин ҳимоятгари “Реал Сосйедад” Хон Арамбуру корти сурх гирифт. Дар дақиқаи 87-ум бошад Фернандеш ба задани сеюмин гол даст ёфт.  Дар вақти иловагии қисми дуюм ҳимоятгари мизбонон Диого Далот ҳисобро чор бар як намуд.
Дар вохӯрии аввал дастаҳо бо ҳисоби 1:1 мусовӣ карданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив