LIVE

«Атлетик Билбао» дар даври 14-уми Ла Лига бар «Реал Сосйедад» зафар ёфт

Бозии даври 14-уми мавсими Ла Лигаи Испания 2024/2025, ки дар он дастаҳои «Атлетик Билбао» ва «Реал Сосйедад»   дар варзишгоҳи “Сан Мамес Барриа”-и Билбао вохӯрданд, бо ҳисоби   1:0 ба нафъи мизбонон хотима ёфт.
Испания - Примера. Даври 14-ум
25-уми ноябри соли 2024, душанбе. 01:00 бо вақти Душанбе
“Атлетик Билбао” 1:0 “Реал Сосйедад”
1:0 Сансет  – 26'
Голи ягонаро дар ин дидор нимҳимоятгари “Атлетик” Оиан Сансет дар дақиқаи 26-ум аз партофти Нико Уилямс ба ҳадаф расонд.
Пас аз 14 бозии гузаронидашуда "Атлетик" бо 23 имтиёз дар ҷои панҷуми ҷадвали Ла Лига қарор дорад. «Реал Сосйедад» пас аз ҳамин қадар бозиҳо бо 18 имтиёз дар ҷои 10-ум аст. «Барселона»-и каталонӣ бо 34 имтиёз дар садри ҷадвали чемпионати Испания қарор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив