Бозии даври 13-уми мавсими ҷории Ла Лигаи Испания, ки дар он дастаҳои “Реал Сосйедад” ва “Барселона”-и каталонӣ вохӯрданд, бо ҳисоби 1:0 ба нафъи мизбонон анҷом ёфт.
Испания - Примера. Даври 13-ум
11-уми ноябри соли 2024, душанбе. 01:00 бо вақти Душанбе
“Реал Сосйедад” (Сан Себастян) 1:0 “Барселона” (Барселона)
1:0 Бекер – 33'
Голи ягонаро дар ин дидор ҳамлагари тими “Реал Сосьедад” Шералдо Бекер дар дақиқаи 33-юм аз партофти нимҳимоятгар Лука Сучич ба ҳадаф расонид.
Пас аз 13 бозӣ "Барселона" бо 33 имтиёз то ҳол садри ҷадвали Ла Лига қарор дорад.