LIVE

Аввалин шикасти “Барселона” дар Ла Лига зери роҳбарии Хави

“Барселона” дар бозии даври 32-юми Ла Лига аз “Кадис” шикаст хӯрд (0:1). Ин мағлубият барои шогирдони Хави дар чемпионати Испания шуруъ аз 4 декабри соли 2021 аввалин маҳсуб маҳсуб мешавад. То ин замон "Барселона" дар тӯли 15 бозӣ дар Ла Лига мағлуб нашуда буд. Дар ин муддат каталониҳо тавонистанд дар 11 бозӣ пирӯз шаванд ва 4 бозӣ мусовӣ анҷом диҳанд.  «Барселона» аз 31 бозӣ 60 хол ба даст оварда, дар ҷадвали Ла Лигаи Испания дар мавсими 2021/2022 дар ҷои 2-ум қарор дорад. Дар даври навбатии чемпионат «Барселона» 21-уми апрел дар меҳмонӣ бо «Реал Сосйедад» бозӣ мекунад.

Next Post

Комментарии 1

sultonsho от 20 апреля 2022 12:03
Худое ки болову паст офарид 
Забардасти хар даст даст офарид

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив