LIVE

«Манчестер Юнайтед» дар бозии сергол роҳхати ниманиҳоӣ ба даст овард

Бозии ҷавобии даври 1/4 ниҳоии Лигаи Аврупо, ки дар он дастаҳои «Манчестер Юнайтед»-и Англия ва «Лион»-и Фаронса вохӯрданд, ба анҷом расид. Дастаҳо дар варзишгоҳи Олд Траффорд дар шаҳри Манчестери Англия бозӣ намуда, вохурӣ дар вақти иловагӣ бо ҳисоби 5:4 ба фоидаи соҳибони майдон (7:6 аз руи натиҷаи ду вохурӣ) анҷом ёфт.
Лигаи Аврупо. 1/4 финал. Бозии 2-юм
18 апрели соли 2025, ҷумъа. 00:00 ДШБ
“Манчестер Юнайтед” (Манчестер, Англия) 5:4 (вақти иловагӣ) “Лион” (Лион, Фаронса)
1:0 Угарте – 10'     2:0 Далот – 45+1'     2:1 Толиссо – 71’ 
2:2 Таляфико – 78’ 2:3 Шерки - 105  2:4 Ляказетт – 110’     3:4 Фернандеш – 114’    4:4 Майну – 120’     5:4 Магуайр – 120+1'
Кори сурх:  Толиссо – 89'
Дар дақиқаи 10-ум нимҳимоятгари «девони сурх» Мануэл Угарте ҳисобро боз кард. Дар вақти изофии қисми аввал ҳимоятгар Диого Далот аз паси Харри Магуайр бартарии мизбононро мустаҳкам кард. Дар дақиқаи 71-ум бошад нимҳимоятгар Корентин Толиссо як голи дастаи фаронсавиро ба самар расонид. Ҳамлагари «Лион» Александр Ляказетт бошад дар дақиқаи 78-ум ҳисобро баробар кард.
Дар дақиқаи 105-ум нимҳимоятгар Райан Черки аз голи сеюми тими фаронсавӣ истиқбол гирифт. Дар дақиқаи 110-ум Ляказетт аз ҷаримаи 111-метра муаллифи дуюбл гардид. Дар дақиқаи 114-ум бошад нимҳимоятгари “манкунианиҳо” Бруну Фернандеш аз тими мизбон голи ҷавобӣ зад. Билохира дар дақиқаи 120-ум нимҳимоятгари «девони сурх» Кобби Майну ҳисобро баробар кард. Ахиран Гарри Магуайр дар дақиқаи 120+1 голи пирӯзиовари “МЮ”-ро ба самар расонид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив