LIVE

Пирӯзии мушкили «МЮ» зидди «Рейнҷерс» дар даври 7-уми Лигаи Аврупо

Бозии даври 7-уми марҳилаи умумии Лигаи Аврупоии УЕФА, ки дар он дастаҳои «Манчестер Юнайтед» ва «Рейнҷерс» вохӯрданд,  дар варзишгоҳи “Олд Траффорд” дар шаҳри Манчестер баргузор шуд ва бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт.
Лигаи Аврупо. Марҳилаи умумӣ. Даври 7-ум
24 январи соли 2025, ҷумъа. 01:00 бо вақти Душанбе
“Манчестер Юнайтед” (Манчестер, Англия) 2:1  “Рейнҷерс” (Глазго, Шотландия)
1:0 Батленд – 52'     1:1 Десерс – 88'     2:1 Фернандеш – 90+2'
Дар дақиқаи 23-юм ҳимоятгари “Манчестер Юнайтед” Маттейс де Лигт ҳисобро боз кард, аммо пас аз баррасии наворҳои такрорӣ он гол лағв шуд. Дарвозабони «Рейнҷерс» Ҷек Батленд дар дақиқаи 52-юм ба дарвозаи худро гол зад. Дар дақиқаи 88-ум ҳамлагари «Рейнҷерс» Сирил Десерс мувозинати бозиро барқарор кард. Дар дақиқаи 90+2-юм бошад нимҳимоятгар Бруно Фернандеш голи ғалабаи “девони сурх”-ро ба самар расонид.
Дар даври ниҳоии даври 8-уми марҳилаи умумии Лигаи Аврупо «девони сурх» бо «Стяуа»-и Руминия вомехӯранд. Бозӣ 30-юми январ баргузор шуда, соати 01:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. «Рейнҷерс» дар навбати худ  бо “Юнион”-и Белгия вохӯрӣ хоҳад кард. Ин вохурӣ 30-юми январ соати 01:00 бо вақти Душанбе барпо мегардад.
Дар даври охирини мусобиқоти мазкур «Манчестер Юнайтед» бар «Виктория Плзен» бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард ва «Рейнҷерс» бошад бо «Тоттенҳэм» мусовӣ (1:1) карда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив