Бозии ҷавобии даври ниманиҳоии Лигаи Чемпионҳо байни дастаҳои “ПСЖ” ва “Арсенал” дар варзишгоҳи «Парк де Принс»-и шаҳри Париж бо ҳисоби 2:1 ба нафъи мизбонон поён ёфт ва тими парижӣ аз рӯи ҷамъбасти ду рақобат (3:1) ба финали мусобика баромад.
Лигаи чемпионҳо. 1/2 финал. Бозии 2-юм
Панҷшанбе, 8 майи соли 2025. 00:00 MSK
“ПСЖ” (Париж, Фаронса) 2:1 “Арсенал” (Лондон, Англия)
1:0 Руис – 27' 2:0 Ҳакимӣ – 72' 2:1 Сака – 76'
Ҳамин тариқ, “ПСЖ” дар марҳилаи плей-оффи Лигаи Чемпионҳо дар мавсими 2024/2025 се бошгоҳи англисиро шикаст дод. Қаблан, дар марҳилаи 1/8 финалӣ парижиҳо бар «Ливерпул» (бо ҳисоби умуми 1:1, аз рӯи пеналтӣ 4:1) ғалаба карда буданд. Баъдан “ПСЖ” дар даври чорякниҳоӣ дастаи «Астон Вилла»-ро бо ҳисоби умумии 5:3 мағлуб намуд.
Дар бозии ниҳоии мусобиқот парижиҳо дар варзишгоҳи «Арена Мюнхени Олмон» бо «Интер» вомехӯранд. Бозӣ рӯзи шанбеи 31-уми май баргузор мешавад.