Бозии ҷавобии даври ниманиҳоии Лигаи Чемпионҳо байни “ПСЖ” ва “Арсенал” дар варзишгоҳи «Парк де Пренс»-и шаҳри Париж бо ҳисоби 2:1 ба нафъи мизбонон анҷом ёфталаба карданд.
Лигаи чемпионҳо. 1/2 финал. Бозии 2-юм
Панҷшанбе, 8 майи соли 2025. 00:00 ДШБ
“ПСЖ” (Париж, Фаронса) 2:1 “Арсенал” (Лондон, Англия)
1:0 Руиз – 27' 2:0 Хакими – 72' 2:1 Сака – 76'
Ҳисобро дар дақиқаи 27-уми бозӣ нимҳимоятгар Фабиан Руис боз кард. Дар дақиқаи 69-ум “ПСЖ” дарвозабони «Арсенал» Давид Райя монеъи зарбаи нимҳимоятгари португалӣ Витиня вақти иҷроиши пеналти гардид. Вале дар дақиқаи 72-юм ҳимоятгари “ПСЖ” Ашраф Ҳакимӣ ҳисобро ду бар сифр кард. Танҳо дар дақиқаи 77-ум вингери “Арсенал” Букайо Сака як голи ҷавобӣ зад.
Ҳамин тариқ, “ПСЖ” дар даври ниманиҳоии Лигаи Чемпионҳо ба ҳисоби умумии (3:1) ғолиб омад ва ба финали мусобиқа роҳ ёфт. Қаблан «Интер» аз «Барселона»-и каталонӣ пурқувваттар будани худро исбот карда, ҳаққи ширкат дар бозии ниҳоии Лигаи Чемпионҳоро ба даст оварда буд.