LIVE

Чаро Салоҳ аз пешниҳоди 500 миллионаи саудиён даст кашид?

Бино ба иттилои нашрияи бритониёии Би-би-си ҳамлагари “Ливерпул” Муҳаммад Салоҳ воқеан ҳам аз Арабистони Саудӣ ба маблағи умумии 500 миллион фунт стерлинг пешниҳоди пурдаромад дошт.
Гуфта мешавад, ки бозигар тасмим гирифтааст, ки шартномаи худро бо “Ливерпул” тамдид кунад, зеро ӯ то ҳол мехоҳад дар Премер-Лига ва Лигаи Чемпионҳо пирӯзӣ ба даст орад.
Илова бар ин, ӯ то ҳол чун бозигари гаронмуздтарин дар “Ливерпул” боқӣ мемонад ва дар як ҳафта тақрибан 400 000 фунт маош мегирад. Салоҳ инчунин пас аз ба итмом расонидани шартномаи нави дусола бо тими инглисӣ имкони гузариш ба чемпионати Арабистони Саудиро комилан қатъ намекунад.
Мавсими ҷорӣ Салоҳ дар сафи “Ливерпул” 46 маротиба ба майдон омада, 32 гол ва 23 паси голӣ ба омор гирифтааст. Мӯҳлати шартномаи нави Салоҳ бо бошгоҳ  то соли 2027 амал мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив