LIVE

Ситораи асосии "Ливерпул" эҳтимолан ба "Реал" гузариш анҷом медиҳад

Ҳамлавари асосии "Ливерпул"  Муҳаммад Салоҳ эҳтимолан ба сафи "Реал" ё ки ПСЖ мепайвандад, дар ин бора FourFourTwo хабар медиҳад.
Шартномаи кунунии Салоҳи 32-сола то тобистони соли 2025 мӯҳлат дорад ва  моҳи январи соли ҷорӣ ин бозигари мисрӣ метавонад бо бошгоҳҳои дигар барои имзои шартнома ба унвони агенти озод музокира анҷом диҳад.
Қаблан маълумоте вуҷуд дошт, ки Муҳаммад ба яке аз бошгоҳҳои Арабистони Саудӣ гузариш анҷом медиҳад ва онҷо ӯ метавонад ба яке аз чеҳраҳои лига табдил ёбад, аммо ҳолати хуби варзишии бозигар бошгоҳҳои беҳтарини Аврупоро водор мекунад то дар бораи трансфери даст ба кор шаванд.
Салоҳ мавсими ҷорӣ дар 10 бозӣ ба майдон омада, соҳиби омори 6 голу 5 паси голӣ мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив