Хадамоти матбуотии бошгоҳи каталони санаи эҳтимолии бозгашти “Барселона”-ро ба варзишгоҳи Камп Ноу эълон кард.
Ба иттилои Onze Mondial “Барселона” интизор аст, ки таҷдиди варзишгоҳи футболӣ ниҳоят дар моҳи сентябр ба анҷом расад.
«Барселона» дар зинаи аввали ҷадвали чемпионати Испания қарор дошта, дастаи Ҳанс-Дитер Флик соҳиби 70 хол аст. Ҷониби “блаугранас” аз “Реал Мадрид” чор хол бештар дорад.
Дар бозии оянда “нилунориҳо” дар бозии ҷавобии даври чаҳорякниҳоии Лигаи Чемпионҳо бо «Боруссия Дортмунд» бозӣ мекунанд. Бозии аввал бо пирӯзии “каталониҳо” бо ҳисоби 4:0 анҷом ёфта буд.