Роҳбарияти «Барселона» мехоҳад шартномаи меҳнатиро бо сармураббии даста Ҳанс-Дитер Флик дар моҳи июни соли оянда тамдид кунад. Дар ин бора Sport.es хабар медиҳад.
Шартномаи феълии мутахассиси олмонӣ бо бошгоҳи каталонӣ то тобистони соли 2026 мӯҳлат дорад.
Ба иттилои манбаъ, ҷониби “блаугранас” ҳалли масъалаи тамдиди шартномаи Фликро дар мавсими имсола мувофиқ намешуморад. "Барселона" ба кори мутахассиси 59-сола баҳои баланд медиҳад. Бошгоҳи каталонӣ мехоҳад, ки Флик омодагиро ба мавсими оянда бо шартномаи аллакай тамдидшуда оғоз кунад.
Флик тобистони соли гузашта вазифаи сармураббигии «Барселона»-ро ба ӯҳда гирифт. Рӯзи 12-уми январ таҳти роҳбарии ӯ “нилунориҳо” барандаи Суперҷоми Испания шуданд. Пас аз 19 даври Ла Лига бошгоҳи каталонӣ дар ҷои севум аст.