Бозии даври 27-уми Лигаи Испания, ки дар он дастаҳои “Барселона” ва “Осасуна” вохӯрданд, дар варзишгоҳи Олимпик Луис Компаниси шаҳри Барселона бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт.
Испания - Примера. Даври 27-ум
28-уми марти соли 2025, ҷумъа. 01:00 бо вақти Душанбе
“Барселона” (Барселона) 3:0 “Осасуна” (Памплона)
1:0 Ф.Торрес – 11' 2:0 Олмо – 21' 3:0 Левандовски – 77'
Дар дақиқаи 11-ум ҳамлагари дастаи “Барселона” Ферран Торрес ҳисоби рақобатро боз кард. Дар дақиқаи 21-ум нимҳимоятгар Даниэл Олмо баъди гол аз зардаи ёздаҳметра пешсафи “блаугранас”-ро мустаҳкам кард. Ҳамлагари мизбонон Роберт Левандовски бошад дар дақиқи 77-уми рақобат ҳисобро се бар сифр намуд.
«Барселона» дар зинаи аввали ҷадвали Ла Лигаи Испания қарор дорад. Шогирдони Ханс-Дитер Флик аз 28 вохурй 63 хол ба даст оварданд. “Осасуна” пас аз 28 бозӣ бо 33 имтиёз дар ҷои 14-ум қарор дорад.