Бозигари канории «Барселона» Ферран Торрес моҳи ноябр метавонад ба майдон баргардад. Бино ба иттилои Diario Sport футболбози испанӣ бинобар ҷароҳати хеш дар муддатти як моҳ ба майдон омада наметавонад.
Испания - Примера. Даври 9-ум
06 октябри соли 2024, якшанбе. Соати 19-15 бо вақти Душанбе
Алавес 0 : 3 Барселона
0:1 Левандовски – 7' 0:2 Левандовски – 22' 0:3 Левандовски – 32'
Қайд карда мешавад, ки Ферран рӯзи 26 октябр дар бозӣ бо «Реал» иштирок намекунад.
Ёдовар мешавем, ки Торрес дар бозии дирӯза миёни «Барселона» ва «Алавес» (3:0) ҷароҳат бардошта буд. Бозигар аллакай дар дақиқаи шашуми бозӣ иваз карда шуд. Бар ивази ӯ Эрик Гарсиа вориди майдон гардид. Дастаи Ҳанси Флик бошад дар ин рақобат ба шарофати хет-трики Роберт Левандовски пирӯзӣ ба даст овард.
Мавсими ҷорӣ Ферран Торрес дар 8 бозии Ла Лига як ирсоли голӣ анҷом додааст.
