LIVE

"Барселона" футболбози навашро муаррифӣ намуд

Бошгоҳи каталонии "Барселона" бозигари ҷадидашро дар "Камп-Ноу" муаррифӣ намуд. Ферран Торреси 21-сола дар оғози соли 2022 бо "Барселона" то соли 2027 бо маблағи 55 млн евро шартнома ба имзо расонид. Дар чанд бозии оянда Торрес ба нилунориҳо кӯмак карда наметавонад, чунки ӯ дар бозии охири худ дар бошгоҳи "Манчестер Сити" ҷароҳат бардошта буд ва то ҳол дар раванди барқароршавӣ қарор дорад. 
Ферран Торрес боэҳсос аз гузаришаш сухан кард: “Ман мисли як кӯдак хушҳол ҳастам. Чанд тан аз бозингаронро мешиносам, чунки дар мунтахаб бо ҳам бозӣ мекунем. Ман хеле хушҳолам. Орзу мекардам, ки дар "Барселона" бозӣ кунам ва ин орзуям амалӣ шуд.”
Ферран дар мавсими ҷорӣ дар 4 бозӣ иштирок намуда, ба задани 2 гол даст ёфтааст. Дар миёнаҳои моҳи ҷорӣ Ферран метавонад ба майдон баргардад.   

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив