LIVE

Флик оиди бозгашти эҳтимолии Неймар ба “Барселона” чӣ гуфт?

Сармураббии "Барселона"   Ханс-Дитер Флик оиди бозгашти эҳтимолии бозигари "Сантос" Неймар ба сафи тими каталонӣ сухан кард, дар ин бора Sport.es хабар медиҳад.
Мутахассиси олмонӣ ба омодагии ҷисмонӣ ва сатҳи бозии Неймар шубҳа дорад ва ин бо назардошти он аст, ки   бозии бошгоҳи каталонӣ дар асоси ҷавонӣ ва шиддатнокии баланд гузошта шудааст. Гузашта аз ин,  айни замон, бошгоҳ ҳатто пешниҳоди расмиро нисбати бозигари бразилӣ баррасӣ накардааст ва ин ҳам мавҷуд набудани тавофуқро дар байни роҳбарият тасдиқ мекунад.
Омили дигари муҳим дар ин росто ноустувории молиявии бошгоҳ аст. "Барселона" то ҳол намедонад, ки буҷаи онҳо барои бозори трансфери тобистона чӣ гуна хоҳад буд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ҳадафи аввалиндараҷаи Неймар бозгашт ба “Барселона” аст.  Бозигари бразилӣ ҳатто баҳри гузариш ба сафи «блаугранас» ба камкунии андозаи маош розӣ шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив