Сармураббии «Интер Майами» Хавйер Маскерано оиди эҳтимолияти гузариши трансферии ҳамлагари бразилии “Ал-Ҳилол” Неймар ба дастааш гуфт.
«Мо дар бораи Неймар гап зада наметавонем, зеро айни ҳол ягон асос вуҷуд надорад. Албатта, ки ӯ бозигари аҷиб аст. Ҳар як мураббии ҷаҳон ӯро дар дастаи худ мехоҳад, аммо шумо қоидаҳои ҳадди ақали маоши MLS-ро медонед. Айни ҳол Неймар шартномаи кории худро дорад», — иқтибос овардааст Goal аз суханони Маскерано.
Дар тӯли фаъолияти худ ин футболбози бразилӣ дар дастаҳои “Сантос”, “Барселона” ва “ПСЖ” бозӣ кардааст. Неймар аз ҳама бештар дар дастаи «Сантос» ҳунарнамоӣ кардааст. Ӯ дар 225 бозӣ дар тамоми мусобиқот ширкат карда, 136 гол ва 64 партофти головар дорад.