LIVE

Неймар тобистон ба “Интер Майами” гузариш анҷом медиҳад

Ҳамлагари дастаи саудии «Ал-Ҳилол» Неймар ба ҳамдастони худ гуфт, ки ният дорад пас аз анҷоми шартномаи корияш  ба «Интер Майами» гузарад. Дар ин бора Sky Sport Switzerland хабар медиҳад. Шартномаи бозигари 32-солаи бразилӣ бо «Ал-Ҳилол» тобистони соли 2025 ба охир мерасад.
Ҳамдастагони собиқи Неймар аз “Барселона” - Лионел Месси, Серхио Бускетс, Хорди Алба дар сафи “Интер Майами” бозӣ мекунанд. Дастаро боз як бозигари собиқи "блаугранас" Хавйер Маскерано мураббигӣ мекунад.
Пештар хабаре баромад, ки тамдидкунии шартнома миёни Неймар ва “Ал-Ҳилол” аз эҳтимол дур аст. Бозигари рразилиягӣ бар асари ҷароҳат тақрибан як сол дар майдон набуд ва ин мавсим дар ду бозӣ ҳамагӣ 42 дақиқа бозӣ кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив