Бозигари 32-солаи тими саудии «Ал-Ҳилол» ва мунтахаби Бразилия Неймар то соли 2025 ба ҳайати тими миллӣ шомил нахоҳад шуд. Дар ин бора RMC Sport хабар медиҳад.
Ба гуфтаи ин манбаъ Неймар, ки бар асари ҷароҳати вазнини зонуаш баъди як соли табобат барқарор шуд, метавонист барои баргаштан ба тими миллии Бразилия муроҷиат кунад, аммо федератсия тасмим гирифт, ки саломатии бозигарро зери хатар нагузорад. Неймар метавонад моҳи марти соли оянда, замони бозии Бразилия бо Колумбия (20-уми март) ва сипас муқобили Аргентина (25-уми март) дигарбора пироҳани миллиро ба бар кунад.
Ёдовар мешавем, ки тими миллии Бразилия дар нимаи моҳи ноябр бо Венесуэла (14-уми ноябр) ва сипас бо Уругвай (20-уми ноябр) вомехӯрад.