Ҳамлагар Неймар бинобар осеби бардоштааш ҳайати тими миллии Бразилияро тарк кард ва дар бозиҳои мусобиқаи интихобии Ҷоми Ҷаҳонии 2022 бо тимҳои миллии Венесуэла ва Уругвай ширкат намеварзад. Дар ин бора Globo Esporte хабар додааст. Қаблан сармураббии тими миллии Бразилия Тите эълом дошт, ки футболбоз бинобар осеби ронаш ҳатман рӯзи 13 ноябр бозиро бо Венесуэла аз даст хоҳад дод, аммо дар тӯли чаҳор рӯз ӯ барқарор шуда, бо Уругвай бозӣ хоҳад кард. Ёдовар мешавем, ки Неймар дар бозии марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо маҷрӯҳ шуда буд.