LIVE

Иштироки Неймар бар муқобили Аргентина зери суол мемонад

Ҳамлагари Бразилия Неймар дар бозии интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол бо Аргентина бозӣ намекунад.
Ситораи ПСЖ боз осеб дидааст ва дар бозӣ ба майдон намебарояд. 
Дар навбати худ Лионел Месси, ки дар бозии охирин бо Уругвай (1:0) ҳамагӣ 15 дақиқа бозӣ кардааст, метавонад дар ҳайати аргентиниҳо бозӣ кунад.
Ҳафтаи гузашта Неймар бо Колумбия бозии пурра анҷом дод (1:0), ки дар он ӯ партофти головарро ба Лукас Пакет таъмин намуд. 
Аргентина ва Бразилия рӯзи 17-уми ноябр дидор анҷом медиҳанд. 
Бразилиҳо дар сабқати интихобии Амрикои Ҷанубӣ дар ҷои аввал қарор доранд ва аллакай роҳхат ба Қатарро ба даст овардаанд, Аргентина дувум аст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив