LIVE

Месси бар муқобили Бразилия бозӣ мекунад ё не?

Ҳамлагари «ПСЖ» Лионел Месси баъди муолиҷаи осеби гирифтааш ба майдон баргашт.
Футболбоз имрӯз қисман дар гурӯҳи умумии тими миллии Аргентина тамринро оғоз кардааст. Хайати мураббиёни  тими миллии Аргентина иқрор шудаанд, ки Мессиро дар бозии бо тими миллии Уругвай, ки 13-уми ноябр доир мешавад, ба майдон шояд набароранд, аммо бо Бразилия рӯзи 17 ноябр ҳатман ӯ майдондорӣ мекунад.   
Ёдовар мешавем, ки ПСЖ аз сабабе, ки Месси осеб дошт, нахост то ӯ ба тими миллии Аргентина даъват шавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив